Дар Тоҷикистон «Долони сабз» — и намунавӣ бунёд карда мешавад

Ноябрь 11, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 11.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки Осиёии рушд (БОР) кумаки молиявии (гранти) иборат аз 86,67 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои такмили минбаъдаи шабакаи миллии роҳҳои Тоҷикистон тавассути таъсиси “долони сабз”-и намунавӣ дар мамлакат тасдиқ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре хадамоти матбуоти Бонки Осиёии рушд хабар додааст, дар доираи лоиҳа бори аввал усулҳои инноватсионии бунёди роҳҳои “сабз” санҷида мешаванд. Дар назар аст, ки роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» навсозӣ гардида, ба «долони сабз»-и намунавӣ табдил дода шавад.

Лоиҳа таҷдиди роҳи дуқатораи мавҷудаи ҳоло фарсудашудаи «Данғара – Гулистон» (дарозиаш 49 км) ва васеъ кардани онро то чор қатор пешбинӣ менамояд. Барои татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад. Бонки аврупоии рушд (БАР) пас аз тасдиқи расмӣ аз ҷониби шурои директорони бонк дар аввали соли 2025 ба маблағи 40 миллион доллари ИМА қарз медиҳад. Иҷрокунандаи ин лоиҳа, ки татбиқи он бояд то соли 2030 ба анҷом бирасад, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳи «Данғара – Гулистон», ки солҳои 1930-юм сохта, солҳои 1970-ум навсозӣ шуда буд, аввалин роҳ дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсус сохта шуда, манфиати занону духтаронро низ дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 роҳи «Данғара – Гулистон»-ро дар қатори иншооти бунёдшавандаи нақлиётӣ яке аз роҳҳои муҳими минтақавии мамлакат арзёбӣ намуданд.

«Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ-шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем, – гуфтанд Сарвари давлат. – Яъне бунёди роҳҳои муосир ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем».

Роҳ дар оянда чӣ гуна хоҳад шуд

Роҳи автомобилгарди фарсудашудаи дуқатораи 49-километра ба роҳи чорқатора табдил дода, ба он роҳҳои велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва одамони имконияташон маҳдуд илова карда мешаванд.

Дар шоҳроҳ равшанӣ беҳтар карда шуда, гузаргоҳҳои бехатар ва бо аломатҳо хуб муҷаҳҳазшуда сохта мешаванд. Тарроҳии онҳо дар ҷараёни тарҳрезии муштарак бо назардошти фикри аҳли ҷомеа муайян мегардад.

Ҳоҷатхонаҳо ва утоқҳои ҷудогона барои модарон ва кӯдакон бунёд ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойҳои имтиёзнок барои маъюбон пешбинӣ карда мешаванд.

Азбаски норасоии истгоҳҳои зарядпуркунӣ дар деҳот афзоиши эҳтимолии ин бозорро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад, дар доираи лоиҳа ду истгоҳи зарядпуркунии озмоишӣ сохта мешавад. Ҳамчунин чаҳорчӯбаи сармоягузорӣ барои ҳавасмандгардонии сармоягузории хусусӣ дар рушди ин бахш таҳия карда мешавад.

Барои беҳтар кардани шуғли сокинони маҳаллӣ лоиҳа омӯзиши занонро ба соҳибкорӣ бо додани грантҳо барои кушодани тиҷорат ташкил мекунад.

Дар бораи роҳҳои «сабз»

Чунин роҳҳо тибқи Барномаи Бонки Осиёии рушд оид ба бунёди роҳҳои «сабз», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва MetaMeta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.

Барнома ба муҳандисон, тарроҳон, тасмимгирандагон ва таҷрибаомӯзон дар бунёди роҳҳои «сабз» дар минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Ором бо назардошти ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ кумак менамояд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 11, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«WORLDEF-DUBAI 2024». Дар Павилиони миллии Тоҷикистон беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба намоиш гузошта шудааст
Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбари ҶДММ «Ширкати байналмилалии Течен оид ба захираҳои табиии ноҳияи мухтори Синзиян-Уйғур»-и Чин мулоқот анҷом дод
Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар конфронси «Закот, Андоз ва Гумрук 2024» иштирок намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо заминҳои кишт ва ниҳолхонаю гармхонаҳои Ҳисор шинос гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуд
Дар Душанбе якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
Байни Тоҷикистон ва Миср Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар масъалаҳои гумрукӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Миср доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст
Дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид