Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Рӯйхати миллии доруҳои асосӣ бозбинӣ шуд

Ноябрь 14, 2024 10:54

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таъмини саривақтии аҳолӣ бо дорувории хушсифат, судманд, бехатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб рафта, он ба таҳкими низоми  тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ равона шудааст. Ин матлаб 13 ноябр дар  ҷаласаи корӣ вобаста ба бозбинии Рӯйхати миллии доруҳои асосӣ дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раванди бозбинии доруҳои асосӣ барои таъмини нишондиҳандаҳои асосӣ бо инобати арзёбии мунтазами доруҳо дар асоси меъёрҳои муқарраршуда имкон медиҳад, ки доруҳои дорои хатар ё таъсири тарафҳои эҳтимолӣ аз ин рӯйхат сари вақт хориҷ карда шаванд. Ҳамзамон доруҳои наве, ки барои табобати беморон дар комбинатсияи нав тавсия шудаанд, ворид карда шаванд.

Бозбинии Рӯйхати миллии доруҳои асосӣ на танҳо кори маъмурӣ, балки раванди муҳиму масъулиятноке аст, ки ҳаёт ва некуаҳволии бисёр одамон, алалхусус беморон ба он вобастагии зич дорад.

Рӯйхати миллии доруҳои асосӣ ҳамчун ҳуҷҷати тартибдиҳандаи фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ҳангоми банақшагирии харид ва таъминоти доруворӣ барои табобати беморон нақши муҳим дорад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд