Дар Женева татбиқи ҳадафҳои лоиҳаи АСИКУДА баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо вобаста ба татбиқи ҳадафҳои асосии Лоиҳаи АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ дар мулоқоти муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд Рено Масснэ ва ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА Дмитрий Годунов дар Женева баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандони мақомоти гумрук, ширкатҳои брокерӣ ва дигар иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таҳияи модулҳои нави низоми иттилоотӣ, содагардонии равандҳои тиҷоратӣ тариқи рақамикунонии онҳо ва ба роҳ мондани ҳамгироии системаҳои иттилоотӣ барои табодули маълумот дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи баимзорасида байни кишварҳои иштирокчии Созмони ҷаҳонии гумрук баррасӣ гардид.
Ҳадафи амалисозии Низоми АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумрук гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии молу воситаҳои нақлиёт ва ташкили мубодилаи фаврии маълумоти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатии дахлдор дар шакли электронӣ барои содагардонии расмиёти савдо, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият дар Равзанаи ягона, шаффофияти расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин бештар намудани миқдору сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ мебошад. Инчунин зимни сафари корӣ силсилавохӯриҳо бо дигар бахшҳои идораи марказии Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд бобати муҳокимаи масъалаҳо оид ба пешрафт ва дурнамои лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.
__________
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон таҳия шудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд






