Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 13-ум ғолиби Лигаи олии Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бозии мавқуфмондаи даври 18-уми Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо натиҷаи 0 бар 3 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин вохӯрӣ голҳоро аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 15-ум, Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 78-ум ва Рустам Соиров дар дақиқаи 86-ум ба нишон расониданд. Пас аз ин вохӯрӣ ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷоизаи қаҳрамонӣ дар мавсими 2024-и Лигаи олӣ Тоҷикистон супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки барои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ин сенздаҳумин нишони тилло дар таърихи бошгоҳ аст. Қаблан дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 ва 2023 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд.
Ба ҳайати дастаи ҷавонони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе низ ҷоизаи қаҳрамонии мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ супорида шуд. Ин дуюмин ҷоизаи ҷавонони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар мавсим аст. Қаблан онҳо дар мусобиқаи «Ҷоми ҷавонӣ» ғолиб омада буданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






