Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд

Ноябрь 1, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ду ҷои якум, ду ҷои дуюм ва ду ҷои сеюм гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар медиҳад, магистранти курси 1-уми факултети механикӣ ва технологӣ Хушбахт Мирзовалиев дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва донишҷӯи курси 2-юми факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Беларус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Шаҳриёр Иноятов дар номинатсияи «Физика ва астрономия» ғолиби ҷойҳои якум гардиданд.

Донишҷӯи курси 4-уми факултети энергетикӣ Ҳотамҷон Замонов дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Бинёмин Афроимов дар номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» ғолиби ҷойҳои дуюм гардиданд.

Сиёвуш Файзулоев, донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот дар номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» ва докторанти PhD факултети сохтмон ва меъморӣ Бахтиёр Гулямов дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ғолиби ҷойҳои сеюм гардиданд.

Ғолибон ва роҳбарони онҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмун бо туҳфаҳои моливу пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 21 то 26 октябр дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун баргузор шуда, 132 нафар ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ва 84 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ғолибон 30 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими тантанавӣ бо туҳфаҳои моливу хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамасола бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Баргузории озмун нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ хеле зиёд гардида, он ба дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландпояи муҳандисию техникӣ замина гузоштааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

 

Ноябрь 1, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд