Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарияти Донишгоҳи Чиндао Бинҳай вохӯрӣ намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар самти ташкили табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорони ҷонибҳо, амалисозии таҳқиқоти илмӣ ва чорабиниҳои илмии муштарак, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва лагерҳои зимистонаву тобистона мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ доир ба ин самтҳо дар доираи созишномаи ҳамкорӣ амалӣ карда мешавад.
Дар баробари ин масъалаи таъсиси «Институти Бан-Мо» байни ҷонибҳо муҳокима шуда, ҳамкорӣ дар ин самт дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳа амалӣ мегардад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид






