Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад

Ноябрь 1, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 1, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 34-уми байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Колумбия масоили ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Дар вилояти Суғд намоиш-фурӯши ангишт доир мегардад
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии китобдорон ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд конференсияи 16-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 5 ҳазору 657 гектар кишти чигит гузарониданд
Тарофаи мобилӣ то кадом андоза зуд-зуд ва барои чӣ бояд иваз карда шавад?