Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад

Ноябрь 23, 2024 10:51

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 ноябр, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, имсол дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар, дар даври дуюми он 49 ҳазору 267 нафар ва дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуданд. Дар даври сеюми озмун аз шаҳри Душанбе 458 нафар, аз вилояти Суғд 1330 нафар, аз вилояти Хатлон 1130 нафар, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 373 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 451 нафар иштирок намуда, аз ин шумора ба даври чоруми озмун 574 нафар роҳ ёфт.

Соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 47 ҳазору 51  довталаб  иштирок намуд, ки ин аз зиёд шудани шумораи китобдӯстдорон дар мамлакат дарак медиҳад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок мекунанд. Ин озмун ба  дарёфти чеҳраҳои наву лаёқатманд мусоидат менамояд.

Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён ҷараёни даври ниҳоии озмун пурра ба навор гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2025 маблағи мукофотпулӣ барои ғолибони ин озмун шуруъ аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда мешавад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид