Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ, ки аз 24 то 27 ноябр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ идома ёфт, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин сафар муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарони аввали вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии содирот, Палатаи савдо ва саноат ва доираҳои соҳибкории мамлакат ҳамроҳӣ намуданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ 24-26 ноябр ҳайати мамлакат бо роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, директори Фонди Саудии Рушд Султон Ал – Маршад, вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид ал –Фолиҳ, вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ Абдураҳмон Ал – Фазлӣ, вазири саноат ва захираҳои табиӣ Бандар Ал — Хурайф, раиси Иттиҳоди палатаҳои савдо Ҳасан Ал – Ҳувайзӣ ва роҳбарияти Эксимбонки Арабистони Саудӣ мулоқоту суҳбатҳо анҷом доданд.
Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор дода, алоқамандии худро барои васеъ гардонидани ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ, ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, тавлиди энергияи “сабз”, рақамикунонӣ, низоми бонкӣ, рушди содирот, обу иқлим ва дигар масъалаҳои манфиатбахш иброз намуданд.
Барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкории дуҷониба аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ордени «Дӯстӣ» супорида шуд.
Инчунин 25-26 ноябр ҳайати ҷумҳурӣ дар Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ва мизи мудаввар бо иштироки доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ иштирок намуд.
Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратию сармоягузории ду давлат ҷонибҳо ба ифоқа расиданд, ки моҳи декабри соли равон ҷаласаи нахустини Шурои соҳибкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро дар шаҳри Душанбе баргузор намоянд.
Дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ байни мақомоти дахлдори давлатии ду давлат санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд:
— Протоколи ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ;
— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ;
— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Сауд.
Санадҳои имзошуда барои густариши ҳамкории судманди дуҷониба заминаи мусоид фароҳам оварда, дар рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлат қадами муҳим ба ҳисоб мераванд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда






