Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Пекин дар ҳамоиш доир ба масоили «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд

Ноябрь 26, 2024 17:22

ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию таҳқиқотии «Иқтисоди сабз»-и муассиса таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамоиши байналмилалӣ доир ба масоили «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳамоиш масоили муҳуми иқтисоди сабз, энергияи сабз, сармоягузорӣ ва амсоли онҳо баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Дар баробари суханронӣ дар ҳамоиш, мулоқоти ректори донишгоҳ бо роҳбарияти корпоратсияи «China International Engineering Co.» доир гардид.

Зимни вохӯрӣ лоиҳаҳои гуногуни донишгоҳ муаррифӣ гардида, масъалаҳои ҳамкории шарикӣ дар татбиқи онҳо баррасӣ шуданд.

Роҳбарияти корпоратсияи мазкур омодагии худро дар амалисозии лоиҳаҳо иброз намуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд