Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар чорабиние, ки дар ҳошияи Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) оид ба масъалаҳои илми ҳаставӣ, фанновариҳо ва барномаи ҳамкории фаннӣ, ки дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» маърӯза намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии мазкур хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки 29 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази мазкур бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд таъсис дода шудааст. Корҳои сохтмонии он соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расидааст.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд






