Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Ноябрь 20, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар форум беш аз 200 нафар роҳбарону намояндагони донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

Дар Форуми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода дар мавзуи «Ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун заминаи баланд бардоштани сифати таҳсил» маъруза намуд. Дар маъруза ташкил намудани фазои ягонаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардид.

Дар ҷараёни форум байни донишгоҳҳои гуногуни давлатҳои Осиёи Марказӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Таъкид шуд, ки баргузории форум ба рушди ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат менамояд.

Дар анҷоми форум тавсияҳо оид ба ҳамкорӣ ва рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд