ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид

Ноябрь 14, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истонод ба сомонаи хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 100 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ва ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки аз рӯзҳои нахустини истиқлолият дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани пойгоҳи  моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.

Бокс яке аз намудҳои маъмули варзиш ба ҳисоб меравад, ки шумораи дӯстдорони он аз ҳисоби ҷавонону наврасон дар Тоҷикистон торафт меафзояд.

Дар ҷамъбаст ба ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ Ҷом ва медалу мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 14, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад