«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Парчами давлатӣ китоби олими шинохтаи тоҷик, профессор, пиряхшинос ва қутбшинос Абдулҳамид Қаюмов таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида» ба нашр мерасад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» Абдулҳамид Қаюмов хабар дод, китоб оид ба татбиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз тарафи Шурои олимони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои чоп тавсия дода шуда, нусхаи якуми он ба нашр расид.
Китоб дар асоси далелҳои илмӣ ва таҳқиқоти муаллиф ҳангоми сафар давоми солҳои 2008-2009 ба қитъаи – Антарктида нигошта шудааст. Профессор Абулҳамид Қаюмов 6 январи соли 2009 Парчами Тоҷикистонро дар қитъаи Антарктида барафрохт, ки ин иқдом далели ҳисси баланди ватандӯстӣ ва кӯшишҳои муаллиф барои муаррифӣ намудани миллат ва давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар баробари дигар давлатҳои абарқудрат ба ҳисоб мерафт. Зеро дар айни замон азхудкунии қитъаи Антарктида дар баробари азхудкунии кайҳон масъалаи аввалиндараҷаи таҳқиқотию илмии арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.
Дар китоби «Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида» лаҳзаҳои ҷолиб ва инчунин саргузашту хотираҳои зиёд рӯйи авроқ оварда шудаанд. Онҳо бофтаи хаёл набуда, балки саргузаштиянд, ки ба таври воқеӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Китоб ба доираи васеи хонандагон пешниҳод шуда, инчунин онро донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантҳои бахши география, пиряхшиносон, иқлимшиносон, биологҳо ва гигиенистҳо ҳамчун дастурамали таълимӣ истифода бурда метавонанд.
Таҳти роҳбарии Абулҳамид Қаюмов соли 2021 феҳристи маҷмуавии пиряхҳои Тоҷикистон ба табъ расид. Дар айни замон омодагӣ ба нашри 12-ҷилдаи «Атлас — Каталоги пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома дорад.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






