«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад

Ноябрь 23, 2024 13:16

ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Парчами давлатӣ китоби олими шинохтаи тоҷик, профессор, пиряхшинос ва қутбшинос Абдулҳамид Қаюмов таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида» ба нашр мерасад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» Абдулҳамид Қаюмов хабар дод, китоб  оид ба татбиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз тарафи Шурои олимони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои чоп тавсия дода шуда, нусхаи якуми он ба нашр расид.

Китоб дар асоси далелҳои илмӣ ва таҳқиқоти муаллиф ҳангоми сафар давоми солҳои 2008-2009 ба қитъаи – Антарктида нигошта шудааст. Профессор Абулҳамид Қаюмов 6 январи соли 2009 Парчами Тоҷикистонро дар қитъаи Антарктида барафрохт, ки ин иқдом далели ҳисси баланди ватандӯстӣ ва кӯшишҳои муаллиф барои муаррифӣ намудани миллат ва давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар баробари дигар давлатҳои абарқудрат ба ҳисоб мерафт. Зеро дар айни замон азхудкунии қитъаи Антарктида дар баробари азхудкунии кайҳон масъалаи аввалиндараҷаи таҳқиқотию илмии арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Дар китоби «Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида» лаҳзаҳои ҷолиб ва инчунин саргузашту хотираҳои зиёд рӯйи авроқ оварда шудаанд. Онҳо бофтаи хаёл набуда, балки саргузаштиянд, ки ба таври воқеӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Китоб ба доираи васеи хонандагон пешниҳод шуда, инчунин онро донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантҳои бахши география, пиряхшиносон, иқлимшиносон, биологҳо ва гигиенистҳо ҳамчун дастурамали таълимӣ истифода бурда метавонанд.

Таҳти роҳбарии Абулҳамид Қаюмов соли 2021 феҳристи  маҷмуавии пиряхҳои Тоҷикистон ба табъ расид. Дар айни замон омодагӣ ба нашри 12-ҷилдаи «Атлас — Каталоги пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома дорад.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2024 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад