Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таҳсилоти томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Кӯдакистони нав дар шаҳраки Балхӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муҳлати 1 сол бунёд ёфта, барои 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои навсохти соҳаи маориф ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, парасторонро барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд.
Дар ин муассисаи томактабӣ 6 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.
Толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраи хоб, синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, дар маҷмуъ ҳамаи ин имконият фароҳам месозад, ки насли хуштолеи кишвар дар шароити хуб таҳсил намоянд ва оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.
Бунёди иншооти замонавӣ ва таъмини шароити арзандаи таълим аз ҳадафҳои меҳварӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шафати кӯдакистон бинои нави иловагӣ барои 180 кӯдак бунёд карда мешавад.
Тибқи маълумоти масъулон ҳоло дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 кӯдакистон фаъолият менамояд.









Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






