Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» иштирок намуданд

Ноябрь 12, 2024 20:10

ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /НИАТ «Ховар»/. 12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабиниро дар раванди татбиқи қатъномаи Созмони Милал қадами муҳим шумурда, таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва нигоҳ доштани низомҳои экологии онҳо мебошад.

Зикр гардид, ки зери таъсири тағйирёбии илқим, пиряхҳо, ки ба таври умум, 75 фоизи захираҳои асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, босуръат коҳиш меёбанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки маҳз бо назардошти муҳиммияти ин масъала, қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025, ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардид. Дар заминаи ин қатънома, ҳамчунин, Хазинаи эътимодноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо зери парастории Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст.

Гуфта шуд, ки кишвари мо бар асоси қатъномаи мазкури Созмони Милал, моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, аввалин Конфронси байналмилалиро дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо доир хоҳад кард.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки илова ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса, моҳи августи соли равон қатъномаи дигареро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба дастгирӣ аз илмҳои яхшиносӣ” қабул намуд.

Ин қарори муҳим бо мақсади идомаи амалҳои муассир дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин мавзуи мубрам қабул гардид.

Пешниҳод шуд, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои фаврии амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо, миёни кишварҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю дониш густариш дода шавад.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амр метавонад дар раванди мубориза бо норасоии об ва болоравии сатҳи баҳр нақши муассир дошта бошад. Дар баробари ин, ҷалби захираҳои молиявии ҷаҳонӣ ба ин мақсад, аз ҷумла ба Хазинаи махсуси ҳифзи пиряхҳо амри муҳим арзёбӣ гардид.

Лозим дониста шуд, ки Фонди Иқлими Сабз ба дастгириашон аз кишварҳои осебпазир, хусусан Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бештар аз натиҷаи тағйирёбии иқлим хисорот мебинанд, авлавият диҳанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

“Кишвари мо мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳоро, аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ муайян кардааст”-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлат изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза барои ғанӣ гардонидани муҳтавои чорабиниҳои Конфронси 29-уми Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим саҳми босазо хоҳанд гузошт ва минбаъд нигарониҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд.

Дар ин чорабинии муҳими созмондодаи Тоҷикистон, ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассанӣ, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селеста Сауло, ноиби директори генералии ЮНЕСКО хонум Лидиа Брито ва коршиносони созмонҳои дигари бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини Тоҷикистон барои баргузорсозию мизбонии ин чорабинии муҳим ва ҳам барои талошҳои муассири ҷаҳонӣ дар роҳи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” 12.11.2024

Ноябрь 12, 2024 20:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз