Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд

Март 21, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор», ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, чор рӯз идома ёфта, дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд. Дар ин хусус намояндаи масъули Котиботи конфронс оид ба ташкили форумҳо Рустам Абдуллоев дар брифинги матбуотӣ дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар брифинги матбуотӣ гуфта шуд, ки дар рӯзи якуми конфронс баргузории вохӯрии минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз ҷониби ЭСКАТО гузаронида мешавад, ба нақша гирифта шудааст. Форумҳо ва чорабиниҳои иловагӣ низ дар ҳамон рӯз баргузор мешаванд, ки платформаро барои муколама байни гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор ва муҳокимаи ҷанбаҳои гуногуни рӯзномаи об фароҳам меоранд. Рӯзи дуюм маросими ифтитоҳи конфронс ва ҷаласаи умумӣ баргузор мешавад, ки дар он намояндагони сатҳи баланд суханронӣ мекунанд ва уҳдадориҳои нав эълон карда мешаванд. Баъдан бахши аввали конфронс ­- «Таъмини пайвастагӣ байни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026» баргузор мешавад. Ин бахш шаш ҷаласаи мавзуӣ, мавзуъҳои муколамаҳои интерактивӣ дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026-ро дар бар мегирад. Ин рӯз бо зиёфати расмӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ба анҷом мерасад», — гуфт манбаъ.

Ҷаласаи дуюм «Машваратҳои ғайрирасмӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028» буда, аз ду ҷаласаи махсуси панелӣ иборат хоҳад буд. Он ба баррасии Даҳсолаи об ва муайян кардани дастовардҳо ва камбудиҳои асосӣ нигаронида шудааст. Ҷаласаи дуюми махсуси панелӣ дар ин бахш ба муҳокимаи мавзуъҳо ва равишҳои имконпазир барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028, ки дар Душанбе баргузор мешавад, равона мегардад. «Дар ин рӯз бахше бо номи «Муҳокимаҳои пешакӣ дар мавзуи «Об дар рӯзномаи баъди соли 2030» низ ба нақша гирифта шудааст. Рӯз бо ҷаласаи ниҳоӣ ва нишасти матбуотӣ ба анҷом мерасад. Дар рӯзи чоруми конфронс иштирокдорони ин чорабинии сатҳи баланд аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздид намуда, бо таҷрибаи идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон, мавзеъҳои зебоманзари мамлакат ва фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон шинос мегарданд»,- афзуд Рустам Абдуллоев.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд