Рӯзи Президент дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҷлил гардид

Ноябрь 16, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода изҳор дошт, ки мақсад аз таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳии боз ҳам бештар аз фаъолияти қаҳрамононаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин рамзи ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишҳои пайваста тавонистанд, ки Тоҷикистонро пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳ ва ризоияти миллӣ раҳнамун созанд.  Таҳкими ваҳдат, сулҳу субот ва сохтмони давлати мустақилу тараққикарда дар маркази фаъолияти Пешвои миллат қарор дорад.

Пас аз моҳи ноябри соли 1992 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият ва шароит фароҳам овард, ки марҳила ба марҳила рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъмин шуда, истиқлолияти давлатӣ ба маънои том ба манфиати мардуми Тоҷикистон хизмат намояд.

Роҳбари давлати тоҷикон бо роҳи таъмин намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

16 ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик таҷассуми эҳтиром ва қадрдонии нақш ва саҳми нотакрори Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад