Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ парда бардоштанд

Ноябрь 9, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Иқдоми навсозии ин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Дар маркази боғи мазкур муҷассамаи шоир ва мутафаккири тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шудааст. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассама пардабардорӣ намуданд.

Пайкараи ин олим ва орифи барҷастаи Машриқзамин, ки аз масолеҳи хушсифат ва бо унсурҳои меъмории миллӣ сохта шудааст, дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қомат афрохтааст.

Иттилоъ дода шуд, муҷассама дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, баландиаш якҷо бо таҳпояи он 8 метрро ташкил медиҳад.

Лозим ба зикр аст, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба чеҳраҳои илму адаби миллати тоҷик арҷ гузошта мешавад. Аз ҷумла бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қадршиносии нобиғагони адабу таърихи ниёгонамон соли 2014 “Соли бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ” эълон шуда, баргузории ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо қарори дахлдори созмони ЮНЕСКО эълон шуда буд. Дар доираи ин иқдом соли 2014 дар Тоҷикистон ва берун аз он бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷомӣ чорабиниҳои гуногуни илмӣ фарҳангӣ доир гардиданд.

Мутафаккири шинохтаи тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ дар муҳити адабӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоии Ҳирот — яке аз марказҳои қадимӣ ва номдори мардуми ориёитабор зиндагӣ ва эҷод кардааст. Маъруфияти Мавлоно Ҷомӣ ба фаъолияти илмиву адабии бағоят густурдаи ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мусиқӣ, ирфон, шарҳнависӣ ва жанрҳои шеърии қасидаву маснавӣ, ғазалу рубоӣ ва монанди инҳо алоқаманд мебошад.

Ҳамзамон дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Садриддин-С” дарвозаи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия таъмиру навсозӣ шудааст.

Соҳибкорони маҳаллӣ низ дар навсозии ин боғ саҳмгузор мебошанд. Аз ҷониби шахсони саховатпешаи ноҳия дар дохили он фаввораҳо ва арғунчакҳо барои бозиву хушҳолии кӯдакону наврасон насб гардидааст.

Дар гирду атрофи муҷассама гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ шинонида шуда, дар масоҳати 1800 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва заминҳои ҳудуди боғи фарҳангӣ сабзкорӣ шудааст. Боғ ҳамчунин ба таври муосир чароғон карда шудааст.

Инчунин дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ дар даромадгоҳи боғ 3 нуқтаи фурӯш барои маҳсулоти ҳунармандӣ, китоб ва гулҳои зинда мавҷуд аст.

Баъд аз пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ошноӣ бо натиҷаҳои таъмиру навсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои сокинони ноҳияро баҳри анҷоми корҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонда, онҳоро ба саҳмгузории бештар дар ин самт ҳидоят намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат рушду шукуфоии Ватан аз ободии маҳалли зисти ҳар яки мо оғоз меёбад.
Пардабардорӣ аз муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ 09.11.2024

Ноябрь 9, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд