Се паҳлавони Тоҷикистон дар байни 10 гӯштингири беҳтарини ҷаҳон қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Се варзишгари Тоҷикистон аз рӯйи раддабандии нави Иттиҳодияи ҷаҳонии гӯштин байни 10 гӯштингири беҳтарини вазни худ қарор гирифтанд. Ин маротибаи нахуст аст, ки 3 намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар байни беҳтарин гӯштингирони вазни худ дар ҷаҳон мавқеъ мегиранд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Паҳлавонони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев бо 31 ҳазор имтиёз дар ҷойгоҳи 4-уми вазни 70 кг, Виктор Рассадин бо 36 ҳазор имтиёз дар ҷойгоҳи 5-уми вазни 74 кг ва Магомет Евлоев бо 17 ҳазор имтиёз дар ҷойгоҳи 9-уми вазни 79 кг аз намуди гӯштини тарзи озод қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки Абдулмаҷид Кудиев 31 октябр дар шаҳри Тиранаи Албания дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод дар вазнҳои ғайриолимпӣ бо мағлуб кардани рақибон ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардид. 17 сол қабл ин дастовард марбут ба номи Юсуф Абдусаломов буд, ки соли 2007 дар чемпионати ҷаҳон дар Боку ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардида буд.
Паҳлавони дигари Тоҷикистон Виктор Рассадин тобистони имсол дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Черман Валиеви албанӣ бо ҳисоби 2:6 мағлуб шуда, бе медали олимпӣ монд. Виктор Рассадин пас аз 12 сол ягона намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз намуди гӯштини тарзи озод рақобат намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






