Ширкати Чин дар вилояти Хатлон аз партовҳои сахти коммуналӣ барқ истеҳсол менамояд
ДУШАНБЕ, 20.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Shanghai SUS Environment»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад, ки дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партовҳои сахти коммуналӣ барқ истеҳсол намояд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 19 ноябр зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати намояндагони ширкати «Shanghai SUS Environment»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳияи лоиҳаҳои сӯзонидани партовҳои сахти коммуналӣ барои истеҳсоли барқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Татбиқи ин лоиҳа на танҳо неруи барқи устувор ва тозаро таъмин, балки ба таъсиси ҷойи кор, омӯзиш ва рушди иҷтимоӣ дар минтақа низ мусоидат менамояд.
Ширкати «Shanghai SUS Environment»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2008 таъсис ёфта, ба таъминкунандаи пешбари глобалии ҳалли экологӣ, бахусус дар соҳаи партов ба энергия (WtE) табдил ёфтааст. Он бузургтарин истеҳсолкунандаи оташдон дар ҷаҳон ва дуюмин сармоягузор дар лоиҳаҳои WtE дар ҷаҳон аст. Неругоҳҳои WtE партовҳои сахти коммуналиро ба неруи барқ ҳамчун манбаи устувори энергияи «сабз» табдил медиҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






