ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
1 ноябри соли 2007 сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин www. tajikembassychina. com фаъол шуд.
***
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалин намояндагии дипломатии давлатҳои арабӣ – Сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена»-и Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.
***
1 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
***
1 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шуроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид.
***
1 ноябри соли 2017 Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.
***
1 ноябри соли 2019 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфтанд.
***
1 ноябри соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба сохтмони парки технологии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
***
1 ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлёвро, ки барои иштирок дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарламентии ду давлат баррасӣ шуданд.
1 НОЯБР:
Дар Ҷумҳурии Того – Рӯзи ёдгорӣ.
***
Дар Либерия — Рӯзи миннатдорӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Баҳром Фирӯз -соли 1939— шоир, нависанда ва публисисти тоҷик.