Татбиқи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» баррасӣ гардид

Ноябрь 2, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ва вазъи таъсиси корхонаву коргоҳҳои ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки вазифаҳои асосии Шуро таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рушди соҳаи ҳунармандӣ, таҳияи пешниҳодҳои мувофиқашуда бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рушди соҳаи ҳунармандӣ, таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ба вазорату идораҳо манзур намудани пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳунармандӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024 «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба тасвиб расид. Ҳадаф аз ҷудо гардидани ин грантҳо дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъмин намудани занону духтарон бо ҷойи кор мебошад.

Тибқи ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар доираи амалисозии Барнома аз соли 2024 то соли 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад:

— дар соли 2024 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.
— дар соли 2025 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.
— дар соли 2026 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.

Бояд тазаккур дод, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ,  тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 47 муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, дар онҳо давоми се моҳ аз рӯйи 50 навъи касбу ҳунарҳои миллӣ хоҳишмандон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 намуди фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод шудааст. Инчунин дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» 107 касбу ҳунари тоҷикон сабт шуда, алҳол шумораи онҳо мутобиқи таҳқиқоти олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ба 112 адад мерасад.

Гулдӯзии чакан (соли 2018), кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим (соли 2022), атлас ва адрасбофӣ (соли 2023), зарҳалкорӣ (соли 2023) ба рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО дохил гардидаанд.

АКС: Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 2, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд