Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти сайёҳӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 02.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кишоварзӣ, табобатӣ, таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябр зимни вохӯри Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо оид ба омӯзиши таҷриба, шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳӣ, иштирок дар намоишгоҳои дар самти сайёҳӣ ташкил гардида, ифтитоҳи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ҷиҳати зиёд намудани гардишгарон мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид амалисозии санади ҳамкорӣ, ки байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 июли соли 2024 ба имзо расонида шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд






