Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид

Ноябрь 20, 2024 13:03

ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид ва тибқи  қонунгузории амалкунанда  ҳуқуқи кӯдакро аз ҳама намудҳои ҷазои бераҳмона ҳимоя менамояд. Ин матлаб имрӯз дар Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баён гардид.

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Душанбе дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва дигарон иштирок ва сухан намуданд.

Муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак  Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак яке аз воситаҳои муҳими таъмини генофонди миллӣ, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ гардида, дар маркази таваҷҷуҳ ва сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. «Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар минбари озодиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

-Ҳамин аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар қатори аввалин давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонд, ки соли равон ба қабули он 31 сол пур мешавад»,-гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Ҳадафи форум пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо ва таҳлили оммавигардонии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 31 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак арзёбӣ шуд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода вобаста ба дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар мамлакат иброз дошт, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи он равона гардида, мамлакати мо ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид.

«Бо мақсади татбиқи талаботи ин конвенсия соли 2015 дар  Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» қабул карда шуд. Баъд аз қабули қонун зарурати муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Ҳукумати ҷумҳурӣ 19 августи соли 2016 дар асоси қарор Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян намуд. Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019 ба сохтори Вазорати маориф ва илм тағйирот ворид карда шуда, раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҳамчун ниҳоди нав бо 8 воҳиди корӣ ташкил карда шуд»,-афзуд Вазири маориф ва илм.

Дар форум гуфта шуд, ки дар баробари дастовардҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак инчунин баъзе мушкилиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар самти  васояту парасторӣ;  фарзандхонӣ;  фарзандхонии байналмилалӣ; танзими ҳуқуқии оилаи (мураббии) парастор; паст кардани фарогирии кӯдакон ба мактаб-интернатҳо; ба таҳсил фаро гирифтани кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд; пешгирии ҷинояткорӣ; оворагардии кӯдакон; ҳифз намудани ҳуқуқҳои онҳо дар ҷомеа ва ташкил намудани шароити мусоиди зиндагӣ.

Таъкид гардид, ки вобаста ба амалишавии босамари Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак гузоришҳои миллии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди дахлдори Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мешаванд. Баъд аз баррасӣ гардидани гузоришҳои миллӣ ба Ҳукумати мамлакат тавсияҳо низ пешниҳод мегарданд. Барои иҷрои ин тавсияҳо ва татбиқи босамари Конвенсия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якҷо бо дигар вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақшаҳои амали миллӣ таҳия, муҳокима ва тасдиқ мешаванд, ки ҷараёни иҷрои онҳо зери назорати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор мегирад.

Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст.

Муовини Раиси комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак-мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимбек Содиқзода ҳадаф аз баргузории форумро пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо, таҳлил ва оммавигардонии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 31 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамкории мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои ҳамгироии кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида ва нақши комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи маҳал унвон намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синн яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз беш аз 41,4 фоизи сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо вобаста ба ояндаи неки кӯдакон изҳор намуданд, ки «…барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ зарур аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо — калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар руҳияи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем».

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид. Имсол аз тасвиби ин Конвенсия 31 сол сипарӣ гардид.

Дар мамлакат барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2024 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд