ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1063 то 0.1080 сомонӣ муқаррар шудааст

Ноябрь 20, 2024 08:05

ДУШАНБЕ, 20.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:

1 доллари ИМА — 10.6614  сомонӣ;

1 евро – 11. 2510  сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1063  сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 10.6614  то 10.6900 сомонӣ;

1 евро аз 11.2510  то  11.2600 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0. 1063  то 0.1080 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Ноябрь 20, 2024 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш