Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Форуми сармоягузории гузариши энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ дар Боку иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар Форуми сармоягузории гузариши энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим доир шуд, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад.
Далер Ҷумъа иброз дошт, ки 98 фоизи барқ дар Тоҷикистон бо истифода аз захираҳои обӣ истеҳсол шуда, ҳиссаи ҷумҳурии мо дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия неругоҳҳои офтобӣ бунёд мешаванд.
Таъкид шуд, ки мамлакатҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои афзоиш додани истифодаи энергияи барқароршаванда ва декарбонизатсияро таъмин менамоянд, зеро банақшагирии ҳамгироишудаи минтақавӣ ва кӯшишҳои мушаххаси давлатҳо барои коҳиш додани партовҳо ва гузариш ба энергияи тоза аҳамияти ҳалкунанда дорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






