Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои амнияти муосири ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ, вазъияти фавқулода ва низоъҳо дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки дар мавзуи «Вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ» дар Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия баргузор гардид, баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конференсияи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Файзалӣ Шарифзода иштирок намуд.
Иброз гардид, ки «Стратегияи соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ҳамкории байналмилалиро ба таври назаррас тавсеа мебахшад. Он инчунин ба ҳамгироии илми ватанӣ мусоидат менамояд.
Ин стратегия дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷузъи муҳимтарини мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Мавҷудият ва таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои дӯст ва муассисаҳои таълимии онҳо муколамаи созандаро барои рушди самтҳои нави таҳқиқотӣ ва густариши илму амал фароҳам меорад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






