35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд иншооти тандурустӣ бунёд мешаванд

Декабрь 4, 2024 10:34

ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди бинои иловагии Маркази саратоншиносӣ, Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Беморхонаи клиникавии бачагона идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилоят аз 6 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир мешаванд. Ин марказ ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат мерасонад.

Дар бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологӣ ҳуҷраҳо барои 120 кат бо тамоми шароит сохта мешаванд.

Бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ низ барои 120 кат пешбинӣ гардида, аз ҳафт ошёна иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки Беморхонаи клиникавии бачагона аз калонтарин беморхонаҳо дар вилояти Суғд буда, дорои 12 шуъбаи махсусгардонидаи ташхисию табобатӣ ва 290 кат мебошад. Дар он 52 табиб ва 135 корманди миёнаи тиб фаъолият дошта, ба кӯдакон хизмати тиббӣ мерасонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 4, 2024 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд