«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад

Декабрь 7, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 07.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯҳистони Тоҷикистон мавзеъҳое вуҷуд доранд, ки бо табиати зебою нотакрор ҳар бинандаро ба ҳайрат меоранд. Яке аз чунин мавзеъҳои биҳиштосо «Ҳафткӯл»-и нозанин аст, ки бо обҳои сарду фирӯзаранг ва манзараҳои афсункораш дар иҳотаи кӯҳҳои барфпӯши Фону Зарафшон, дар оғӯши ҷангалу марғзорҳои сабзу хуррам зери осмони нилгун доман густурдааст.

«Ҳафткӯл» – муъҷизаи табиат

Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои обҳои софу сард мавҷуд буда, аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегиранд. Байни кӯҳҳои осмонбӯс «Ҳафткӯл» воқеъ гардидааст, ки аз дигар кӯлҳо бо ранг ва манзараҳои афсонавиаш фарқ мекунад. «Ҳафткӯл» яке аз зеботарин мавзеъҳои шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бо ҳафт кӯли рангорангаш сайёҳонро ҳайрон мекунад. Тобистони соли равон имкон фароҳам омад, ки «Ҳафткӯл»и зебою афсонавиро, ки дар пояҳои кӯҳҳои баланду пурбарфи дараи Шинг ҷойгир буда, беназир аст, тамошо намоям.

Водии «Ҳафткӯл» маҷмуи кӯлҳое аст, ки ба ёдгориҳои беназири табиати Тоҷикистон дохил буда, яке аз дигаре болотар ҷойгир шуда ва аз ҳамдигар зеботаранд. Ин аст, ки тамошои кӯлҳои баландтар душвор аст, зеро роҳи он мушкилгузар буда, аз ибтидои кӯли «Ҳазорчашма», ки дар баландии 2400 метр воқеъ аст, то анҷоми он тавассути пайроҳаи борик давоми беш аз ним соат пиёда ҳаракат менамоед ва аз тамошои зебоиҳои ин муъҷизаи табиат ангушти ҳайрат мегазед ва ҳатто хасташавиатонро эҳсос наменамоед. «Ҳафткӯл» бо номи кӯлҳои «Марғузорӣ» низ машҳур аст. Сабаби «Марғузор» ном гирифтани мавзеи Ҳафткӯл он аст, ки кӯли аз ҳама калонтарин дар ин ҷо «Марғзор» ном дорад. Кӯлҳои «Марғузорӣ» — «Мижгон», «Соя», «Ҳушёр», «Хурдак», «Нофин», «Марғзор» ва «Ҳазорчашма» силсиламонанд буда, тавассути водии фарохи дарёи Шинг ҷорӣ мешаванд.

Ривоятҳои халқӣ доир ба «Ҳафткӯл»

Доир ба пайдоиши «Ҳафткӯл» байни мардум ривоятҳое паҳн гардидаанд, ки яке аз онҳо чунин аст:

Замоне дар дараи Шинг марди оҳангаре сукунат дошт, ки соҳиби 7 духтари соҳибҷамол буд. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии марди оҳангарро дида, шефтаи ҷамоли ӯ мегардад. Падари духтар розӣ буд, ки ӯро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар намехост, ки ҳамсари ин марди пиронсол гардад. Духтари зирак ба қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷ гоҳ баромада наметавонад. Аммо ҳокими солхӯрда шарти гузоштаи духтари марди оҳангарро дар муддати 40 рӯз иҷро намуда, қасри зебои тиллоӣ месозад. Духтари ҷавон дигар чорае наёфта, дар рӯзи тӯй бо пироҳани арӯсӣ худро аз боми қаср ба замин меафканад ва дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, гӯё дигар кӯлҳо аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадаанд.

Ривояти дигар: кӯҳҳо пеши роҳи Шинги шӯхро бастанд

Тибқи ривояти дигар, дарёчаи Шинг беҳад беқарору шӯх буда, ҳеҷ гоҳ намехоҳад байни кӯҳҳо ором ҷорӣ шавад. Аммо ин ба кӯҳҳо писанд намеояд ва пеши роҳи дарёчаро мебанданд ва ба дарёча лозим меояд, ки дар ҳафт ҷо таваққуф карда, баъдан ба водӣ ҷорӣ шавад. Аз лиҳози илмӣ инро ба заминларза марбут медонанд, ки дар натиҷа дар чанд ҷойи Шингдара кӯчиши кӯҳ ба амал меояд ва пеши роҳи дарёча баста мешавад. Ин ҳодисаи табиӣ ба ҳодисаҳои кӯли Сарез ва Искандаркӯл шабоҳат дорад, ки онҳо ҳам дар натиҷаи заминларза ба вуҷуд омадаанд.

Табиати афсонавии Шинг қалби сайёҳонро тасхир намудааст

Табиати зебою афсонавии водии Шинг қалби ҳар бинандаро беихтиёр тасхир менамояд. Дар ин водӣ дар як вақт чанд фасли солро мушоҳида менамоед. Агар дар даромадгоҳи водӣ фасли тобистон ҳукмфармоӣ дошта бошад, бо тай кардани масофаи зиёди роҳ шумо худро дар оғӯши фасли баҳори сарсабз эҳсос менамоед. Дарахтон гӯё нав барг намудаанд, бӯи муаттари гиёҳу растаниҳои шифобахш ба машом мерасад, тамошои лолахасакҳои ёбоӣ ва дигар гулу буттаҳои табиати кӯҳистон, ки танҳо аз қабзаи муғчаҳо раҳо ва шукуфо гардида, аз насими форами кӯҳистони Шинг мавҷ мезананд, дидаҳоро равшан намуда, нуру зиё ато менамоянд. Ин аст, ки зебоиҳои афсункори ин гӯшаи нотакрори табиати Тоҷикистон сайёҳону ҷаҳонгардонро аз давлатҳои дурдасти ҷаҳон ба худ ҷалб намудаанд. Дар роҳ бо сайёҳони хориҷӣ рӯ ба рӯ гардидем, ки савори дучарха саргарми тамошои қуллаҳои барпӯши каторкӯҳҳои Фону Зарафшон буданд. Бархе аз онҳо дар канори кӯлҳои «Мижгон», «Ҳазорчашма» ва «Марғзор» хайма зада, аз ҳавои тоза, манзараҳои нотакрори табиати кӯҳистони ин водии афсонавӣ ва амвоҷи хурӯшони кӯлҳои «Марғузорӣ» кайфият мебардоштанд.


Сайёҳон аз «Ҳафткӯл» ба «Кӯли калон» ва «Искандаркӯл» сафар мекунанд

«Дар атрофи кӯлҳои водӣ барои сайёҳон бошишгоҳҳо бунёд гардидаанд, ки ба рушди туризм мусоидат менамоянд»,-мегӯяд роҳбари ширкати сайёҳии «Ҳафткӯл» Шодмонқул Сангинов. То ба ин мавзеъ роҳи мошингард бунёд шудааст. Дар бисёр маврид сайёҳон бо нақлиёти сабукрав то «Ҳафткӯл» омада, аз ҳамин ҷо имкон доранд ба дигар хатсайрҳои сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути ағбаи Товасанг ба «Кӯли калон», «Искандаркӯл» ва дигар самтҳо сафар кунанд. Ба «Ҳафткӯл» аз самти шимол 4 дарёчаи шӯх ҷорӣ мешавад, ки ҳар яке то 10 километр дарозӣ дорад.

«Мижгон»- арӯси нозанини Шинг

«Мижгон» бо зебоӣ ва ранги ғайриодии обаш аз дигар кӯлҳо тафовут дорад. Ин кӯл аз дарёчаи пуртӯғёни Шинг сарчашма мегирад. «Мижгон» бо ранги ғайриодии обаш, ки осмонӣ аст, хеле зебо аст. Вақте ки дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги кабуд ва бунафш мегирад. Ин кӯл аз ҷиҳати шакл ба мижгон шабоҳат дорад. Обаш нисбат ба кӯлҳои баъдӣ садрангу хеле соф аст. Вобаста ба вазъи боду ҳаво ранги бунафш, нилобии сурх, кабуд ва дигар рангҳоро низ ба худ мегирад. «Мижгон» дар поёноби дарёи Шинг аз сатҳи баҳр дар баландии 1598 метр воқеъ буда, ҷуқуриаш 20 метр аст ва он дар 0,05 километри мураббаъ доман густурдааст. Дар атрофи кӯл истироҳатгоҳи муосир бунёд гардидааст, ки дар он барои сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

«Нофин» гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ дорад

«Нофин» — кӯле аст пур аз муаммо, сир ва ривояту устураҳои қадимӣ. Ранги ин кӯл сурх аст ва ривоят ҳам аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Мардуми маҳаллӣ борҳо мушоҳида намудаанд, ки ҳар ҳафта ранги кӯл моил ба сурхӣ мешавад. «Нофин» маънои мобайнро дошта, болои он деҳаи Рарз ҷойгир аст. Мавқеи ҷуғрофии Рарз шароит муҳайё кардааст, то марҳилаи аввали асримиёнагии ин мавзеъ чун минтақаи назоратӣ интихоб шавад ва тобеи Панҷакенти қадим будааст. Ҳокимони Суғд аз Самарқанду Бухоро барои фориғ шудан аз корҳои давлатдорӣ ба ин ҷо барои тафреҳ меомадаанд. «Нофин» аз сатҳи баҳр дар баландии 1179 метр ҷойгир шуда, масоҳаташ 0,58 километри мураббаъ ва 2750 метр буда, бараш 182, чуқуриаш 41,3 метр ва ҳаҷми обаш қариб ба 6 миллион мукааб мерасад. Кӯли «Нофин» гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ дорад, ки барои сокинон ва сайёҳон шикоргоҳи моҳӣ мебошад.

«Ҳазорчашма» аз 1000 чашма ибтидо мегирад

«Ҳазорчашма» дар дараи нисбатан васеъ ҷойгир буда, аз ҳазор чашма ибтидо гирифта, табиаташ хеле дилпазир аст. То ба «Ҳазорчашма» расидан аз кӯли «Марғзор» роҳи мошингард, ки хатарнок ҳам ҳаст, сохта шудааст. Манзараи «Ҳазорчашма» хеле афсунгару нотакрор аст. Соҳилҳои фарохи ин кӯлро сабза пӯшонидааст, ки ба чашм ба мисли қолини сабз намудор мегардад ва барои истироҳат ва дар шабонгоҳон афрӯхтани гулхан хеле мувофиқ аст. «Ҳазорчашма» нисбат ба дигар кӯлҳо ором ва ранги обаш сиёҳчатоб буда, манзараи нотакрор ва хеле дилкаш дорад, ки ақлу ҳуши касро мебарад.

«Ҳафткӯл» бо олами бойи набототу ҳайвоноташ беҳамтост

«Дар мавзеи «Ҳафткӯл» 65 намуди растаниҳои хӯрданибоб ва шифобахш, дарахтону буттаҳо, аз ҷумла, бурс, арча, санавбар, сафедор, ангат, настаран, зирк, буттаҳои паҳншуда, растаниҳои марғзорӣ, даштӣ ва нимбиёбонӣ ва дигар гулу растаниҳо мерӯянд. Инчунин дар ин мавзеъ 20 намуд ҳайвонот ва парандагони гуногуни мавсимӣ сукунат дошта, аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент вобаста ба фаслҳои сол корҳои биотехникӣ барои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти ин мавзеъ гузаронида мешаванд»,-мегӯяд муовини сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Абдувоҳид Муминзода.

Бо мақсади тарғиби ҳифзи «Ҳафткӯл» аз ифлосшавӣ дар атрофи ҳар як кӯл шиору овезаҳо бо навиштаҷоти «Табиатро ҳифз намоед!» ва «Ба кӯл партов напартоед» насб гардида, ҳамзамон дар ин мавзеъ бо иштироки дӯстдорони табиат ҳашарҳои «Тозагии соҳил» гузаронида мешаванд. Ин мавзеъ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар он шикор манъ аст. Дар доираи татбиқи Барномаи «Кишвари сабз» соли 2025 дар атрофи кӯлҳо дарахтони гуногуни сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд.

Ба тамошои «Ҳафткӯл» бештар самарқандиҳо ва амрикоиҳо меоянд

Дар водии «Ҳафткӯл» ба истиқболи ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёди 10 истироҳатгоҳ, аз ҷумла дар кӯли сеюм меҳмонхона ва тарабхонаи зериобӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар баландии қисмати поёнии кӯли «Марғзор», ки табиати хеле нотакрор дорад, пойгоҳи сайёҳии «Марғузор» фаъолият менамояд, ки дар он биноҳои дуошёнаи шишагин сохта шудаанд. Ҳар сайёҳ ҳангоми тамошои зебоии кӯли «Марғзор» ва табиати нотакрору дилфиреб аз он ҳаловат мебарад. Дар пойгоҳи сайёҳӣ тамоми шароит барои сайёҳон фароҳам оварда шудааст. Ин пойгоҳ дар як вақт ба 40-45 сайёҳ хизмат мерасонад. Ҳаққи хизматрасонӣ аз 100 то 200 сомонӣ дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад, инчунин хаймаҳо истифода мегарданд. Ба иттилои роҳбари ширкати сайёҳии «Ҳафткӯл» Шодмонқул Сангинов, соли 2024 сайёҳон бештар аз Амрико ва Самарқанд ба тамошои «Ҳафткӯл» омаданд. «Аз Самарқанд то Ҳафткӯл 110 километр роҳ аст, аз ин рӯ, мардуми Самарқанд, инчунин Бухоро ва Хева дар фасли тобистон аз гармии тоқатфарсо ба ин ҷо барои истироҳат меоянд»,-афзуд Шодмонқул Сангинов. Дар маҷмуъ то моҳи августи соли равон беш аз ду ҳазор сайёҳ «Ҳафткӯл»-ро тамошо намуданд.

Дар зимистон «Марғзор» ва «Ҳазорчашма» то 30 см ях мебанданд

Дар зимистон танҳо кӯли «Марғзор» ва «Ҳазорчашма» ях мебанданд ва барои мардум ҳамчун пул хизмат мекунанд. Шодмонқул Сангинов мегӯяд, ки кӯли «Марғзор» дар зимистон 20-30 сантиметр ях мебандад, ки ҳатто сокинони деҳаҳои атрофи ин кӯлҳо барои кӯтоҳ кардани роҳ аз болои он бо аспу маркаб мегузаранд. Кӯли «Марғзор» нисбат ба дигар кӯлҳо калон буда, масоҳаташ 3 километр ва умқаш 50 метр аст, он дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ ва обаш софу нилгун мебошад. Моҳҳои май- июн сатҳи оби кӯл, ки аз пиряхҳо ва чашмаҳо сарчашма мегирад, то 60 метр баланд мешавад ва он ширмоҳӣ дорад. Дар кӯли «Марғзор» ду қаиқ фаъол аст, ки сайёҳон бо онҳо сайр менамоянд. Дар аёми баҳору тобистон атрофи кӯл хеле назаррабо мегардад, гулу гиёҳҳои худрӯй ва шифобахш, дар маҷмуъ олами набототу ҳайвонот ба ин мавзеъ зебоии нотакрор зам менамоянд. Ин аст, ки «Марғзор» макони писандидаи ҷаҳонгардону сайёҳон гардидааст.

Дар маҷмуъ «Ҳафткӯл» бо кӯҳу кӯлу дарёҳояш басе дилрабо аст. Табиати ин ҷо то ҳадде нотакрор аст, ки гул дар даруни санг ҳам ҳоким аст. Аз ин рӯ месазад, ки ин силсилакӯлҳои фирӯзаранги Тоҷикистон — «Ҳафткӯл»-и нозанин ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод карда шаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд
«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, ЭЙ ҚАҲРАМОНМАРД. Эҳдо ба ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд