Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд

Декабрь 20, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масоили мубрами ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи  Ситии Малайзия дар мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи  Ситии Малайзия бо омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки барои иштирок дар даври такмили ихтисос ба ин донишгоҳ  рафтаанд,  дар Куала- Лумпур баррасӣ гардид.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Дар мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани робитаҳо, аз ҷумла дар самти ҷалби омӯзгорони ҳарду ҷониб,  таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ибрози назар намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон   даври такмили ихтисосро  дар Малайзия дар доираи шартномаи ҳамкории  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ин донишгоҳи бонуфузи Малайзия аз  соли 2021 мегузаронанд.

Дар даври омӯзишӣ  дар Донишгоҳи бонуфузи Малайзия  8 омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вобаста ба самтҳои сайёҳӣ ва  меҳмондорӣ,  иқтисоди «сабз», зеҳни сунъӣ, IT-технологияҳо ва маҳорати омӯзгорӣ  такмили  ихтисос  менамоянд.

Ташкили чунин даврҳои омӯзишӣ дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ситии Малайзия дар оянда идома ёфта, дар асоси он омӯзгорон давра ба давра дар ин кишвар такмили  ихтисос менамоянд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Декабрь 20, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд