Ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир гардид

Декабрь 12, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа беш аз 60 нафар аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилот ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ иштирок карданд.

Иштирокчиёни ҷаласа бо имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои калидии иқтисод шинос гардида, дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ байни соҳибкорони ду давлат мулоқоти дуҷониба дар қолаби B2B (соҳибкор бо соҳибкор) баргузор гардид. Зимни мулоқот байни намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ якчанд созишнома ба имзо расонида шуд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд