Анҷумани XI Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид

Декабрь 25, 2024 13:22

ДУШАНБЕ, 25.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр дар шаҳри Душанбе Анҷумани XI Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори анҷуман вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.

Дар анҷумани ҳизб, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба фаъолияти ҳизб аз соли 2019 то соли 2024, вазифаҳои минбаъдаи ташкилоти ҳизбӣ барои солҳои 2025-2030, интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи марказӣ,  Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 баррасӣ гардиданд.

Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи кори анҷуман раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Fиёсиддин Ашӯрзода сухан гуфт.

Вакилони анҷуман баъди баррасии масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии раиси ҳизб, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Fиёсиддин Ашӯрзода ва дигар аъзои фаъоли ҳизб, аз ҷумла  сармуҳаррири нашрияи «Навиди Кӯлоб»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ғоиб Фирӯз, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Сарвиноз Маҷидзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зафар Ализода, мудири кафедраи менеҷмент-маркетинги Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Наима Солизода, мутахассиси ноҳиявии Данғара доир ба барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи Баҳри Арал Эмомалӣ Изатуллозода, муовини Раиси омори ноҳияи Шаҳринав Абдусалом Абдураҳмонзода, ходими пешбари илмии шуъбаи тадқиқоти инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Комилҷон Бобозода, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти умумии №28 шаҳри Душанбе Шаҳрбону Зубайдова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Рустам Раҳматзода, сардори илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва муносибатҳои хориҷии иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Баҳром Шарифзода, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафобахш-иншоот» Фарҳод Мусоев ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Раҳмон Дарингро ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 25, 2024 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд