Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ

Июнь 15, 2026 16:10

ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон мақоми хос ва сарнавиштсоз доранд. Номашон бо раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муқаддаси ҷомеаи тоҷикон пазируфта шудааст. Ин дастоварди бузург, пеш аз ҳама аз фаъолияти сиёсӣ, иродаи қавӣ ва хиради азалии давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад.

Дар охири асри ХХ Тоҷикистон ба яке аз марҳалаҳои душвортарини таърихи худ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ ҷумҳуриро ба буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор намуда, хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ ва парокандашавии миллати тоҷикро ба вуҷуд овард. Дар чунин шароит Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат ворид шуда, масъулияти наҷоти давлат ва миллатро бар дӯш гирифтанд.

Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ масъалаи сулҳ ва ваҳдати миллиро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи худ, аҳли ҷомеа ва давлат муайян намуданд. Роҳбари давлат тамоми фаъолияти сиёсии худашонро ба муттаҳид сохтани ҷомеа, зиёда аз он, барои ба Ватан баргардонидани тамоми гурезагони тоҷик, барқарор намудани эътимод ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу ваҳдати миллии пойдор равона карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд мафҳуми ваҳдати миллиро аз доираи як шиори сиёсӣ берун оварда, онро ба арзиши умумимиллӣ ва пояи асосии давлатдорӣ табдил диҳанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро ҳамчун шакли ҳамзистии осоишта, шакли ҳамзистии маънавӣ, эҳтироми мутақобила ва масъулияти умумӣ барои сарнавишти миллати тоҷик арзёбӣ намуданд.

Дар роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ Пешвои миллат бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардиданд. Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат бо сабру таҳаммул, иродаи устувор ва сиёсати хирадмандона тавонистанд ҷонибҳои мухталифи даргирро ба музокирот ҷалб намоянд. Натиҷаи ин талошҳо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 гардид, ки ҳамчун яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ шуда, маҳз ҳамин дастоварди таърихӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муаррифӣ намуданд. Ба ҳамин восита Роҳбари давлат барои ташаккули ҷомеаи муттаҳид ва давлати соҳибистиқлол заминаи асосӣ ва устувор гузоштанд. Дар натиҷа, сулҳу ваҳдати миллӣ ба омили асосии суботи сиёсӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз табдил ёфт.

Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти Пешвои миллат дар ин самт, дар он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро танҳо дар сатҳи сиёсӣ маҳдуд насохтанд. Сарвари давлат барои таҳкими ваҳдати милии маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа низ тадбирҳои муҳим андешиданд. Эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба таърихи миллат ва ҳифзи мероси фарҳангии миллат аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуданд.

Дар сиёсати Пешвои миллат ваҳдати миллӣ бо мафҳумҳои ватандорӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ пайванди зич доранд. Президенти ҷумҳурӣ пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд худро масъули сарнавишти давлат ва ҷомеа эҳсос намояд. Ин афкор ба ташаккули фарҳанги нави шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоии он мусоидат намудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин нақши муҳими сулҳу ваҳдати миллиро дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони азизамон нишон доданд. Дар фазои сулҳу субот имконият фароҳам омад, ки иқтисоди миллӣ барқарор гардида, инфрасохтори ҷумҳурӣ рушд ёбад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар ва ниҳоят боло равад. Имрӯз ҳамагон медонанд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун натиҷаи мустақими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд.

Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш, маърифат ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар байни наслҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҷавононро ворисони арзишманди сулҳу ваҳдати миллӣ ва кафили ояндаи давлати соҳибистиқлол медонанд. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Аз нуктаи назари фалсафаи иҷтимоӣ, фаъолияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи аслии роҳбарии бомасъулият дар назди наслҳои гузашта, имрӯзу фардо ва ояндаи халқи тоҷик мебошад.Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар шароити ниҳоят буҳронӣ ҷомеаро муттаҳид намуда, миллат ва давлатро аз хатари парокандашавӣ наҷот диҳанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки нақши шахсиятҳои барҷаста дар таърих метавонад дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ҳалкунанда бошад. Ғайр аз ин, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ танҳо ба давраи баъдиҷангӣ маҳдуд намешавад. Дар солҳои минбаъда низ Сарвари давлат пайваста барои нигоҳдорӣ ва таҳкими фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тадбирҳои муассир андешиданд. Қабули барномаҳои давлатӣ, рушди низоми маориф, дастгирии фарҳанг ва таҳкими арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба устувории сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа мусоидат намуданд.

Дар сиёсати Пешвои миллат масъалаи ваҳдат бо рушди инсон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа робитаи мустақим дорад. Роҳбари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷомеаи мутамаддин танҳо дар заминаи дониш, фарҳанг ва худшиносии миллӣ метавонад пешрафт намояд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, илм ва тарбияи насли наврас ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ арзёбӣ мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори муколама дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути музокирот ва созиш дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ин нуфузи байналмилалӣ низ ба таҳкими сулҳу ваҳдати дохилии ҷомеа ва болоравии эътибори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Ваҳдати миллӣ дар тафаккури сиёсии Пешвои миллат мактаби давлатдорӣ, низоми тарбияи шаҳрвандӣ ва фарҳанги масъулияти миллӣ мебошад. Ин ваҳдати миллӣ дар тӯли солҳои истиқлол тадриҷан ба меъёри сиёсӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфтааст. Агар дар марҳалаи аввали давлатсозӣ вазифаи асосӣ хотима бахшидан ба ҷанг ва барқарор намудани сулҳу ваҳдат бошад, дар марҳилаҳои минбаъда вазифаи муҳимтар ҳифз, таҳким ва ба шуури наслҳо интиқол додани ин арзиши бузург гардид.

Аз ин нуктаи назар, Ваҳдати миллӣ дар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми доимии ҳаёти ҷомеа фаҳмида мешавад, ки он дар муносибати шаҳрвандон ба давлат, дар эҳтиром ба қонун, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва дар масъулияти ҳар як фард нисбат ба сарнавишти ҷомеа зуҳур меёбанд. Маҳз ҳамин ҷанбаъ сулҳу ваҳдати миллиро аз як ҳодисаи таърихӣ ба фалсафаи зиндагии миллӣ табдил медиҳад.

Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ худ ба худ арзи ҳастӣ карда наметавонанд. Онҳо ба маърифат, фарҳанг, ҳушёрии сиёсӣ ва иродаи қавии шаҳрвандӣ ниёз доранд. Агар ҷомеа аз арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ огоҳ набошад, агар наслҳои ҷавон таърихи фоҷеабори гузашта ва арзиши суботи имрӯзаро дуруст дарк накунанд, хатари заиф шудани пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ба миён меояд. Аз ҳамин рӯ, сиёсати давлатии Пешвои миллат дар самти тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва рушди маърифати сиёсӣ аҳамияти махсус дорад.

Ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, пеш аз ҳама бо мафҳуми хотираи таърихӣ халқи тоҷик пайвандӣ дорад. Хотираи таърихӣ дарки маънои онҳо барои имрӯз ва фардо мебошад. Ҷанги шаҳрвандӣ барои миллати тоҷик дарси бузурги ибрати таърихӣ гардид. Дарсе, ки нишон дод парокандагӣ метавонад давлатро ба вартаи нобудӣ барад, аммо хирад, гузашт ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд миллатро аз нестшавӣ ва буҳрон наҷот диҳанд. Пешвои миллат маҳз ҳамин дарси таърихиро ба асос ва ҷавҳари фалсафаи давлатдории навини тоҷикон табдил дод.

Дар ҳамин замина, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ, тавонистанд пас аз сулҳ низ фазои эътимодро нигоҳ доранд, фарҳанги ҳамдигарфаҳмиро таҳким бахшанд ва ҷомеаро ба роҳи созандагӣ равона намоянд. Ин масъала аз ҷиҳати фалсафӣ бисёр муҳим аст, зеро сулҳ танҳо қатъи ҷанг нест, сулҳи ҳақиқӣ вақте ба вуҷуд меояд, ки дар зеҳни ҷомеа эҳсоси эътимод, адолат, масъулият ва манфиати муштарак ташаккул ёбад.

Яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати ваҳдатгароёна дар Тоҷикистони соҳибистиқлол он аст, ки дар кишвар мафҳуми давлат аз як сохтори маъмурӣ ба рамзи ҳувият ва ҳастии миллӣ табдил ёфт. Давлат кафили сулҳ, ҳомии истиқлол, пуштибони фарҳанг ва маркази муттаҳидсозии ҷомеа мебошад. Ин фаҳмиш дар шароити ҷаҳони муосир аҳамияти бузург дорад, зеро миллатҳое, ки давлатро ҳамчун арзиши умумӣ эҳсос мекунанд, дар баробари таҳдидҳои сиёсӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ осебнопазир мешаванд.

Ваҳдати миллӣ инчунин бо мафҳуми истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлоли давлатӣ бе ваҳдат устувор намемонад ва ваҳдат бе истиқлол мазмуни комили таърихӣ пайдо намекунад. Сарвари давлат ин ду арзишро ҳамчун ду пояи як ҳақиқати миллӣ шарҳ медиҳанд. Истиқлол шакли ҳуқуқӣ ва сиёсии ҳастии миллат аст, ваҳдат бошад, руҳ, маъно ва неруи дохилии он мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат, ҳифзи истиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ ду вазифаи ҷудонашавандаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар фазои ҷаҳонишавӣ аҳамияти ваҳдати миллӣ боз ҳам афзунтар мегардад. Имрӯз давлатҳо танҳо бо таҳдидҳои ҳарбӣ ё иқтисодӣ рӯ ба рӯ нестанд. Таҳдидҳои иттилоотӣ, ифротгароӣ, бегонашавии фарҳангӣ, заиф шудани ҳувияти миллӣ ва коҳиши эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ низ ба суботи ҷомеа таъсир мерасонанд. Дар чунин шароит ваҳдати миллӣ ҳамчун сипари маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангии миллат амал мекунад, ки он ҷомеаро аз парокандагии фикрӣ, зиддияти дохилӣ ва вобастагии маънавӣ муҳофизат менамояд.

Сиёсати Пешвои миллат дар ин самт бар он асос ёфтааст, ки ваҳдат бояд ҳамеша бо маърифат ҳамроҳ бошад. Ҷомеае, ки маърифат дорад, арзиши сулҳро беҳтар мефаҳмад, ҷомеае, ки таърихро мешиносад, хатои гузаштаро такрор намекунад ва ҷомеае, ки фарҳанги миллӣ дорад, дар баробари таъсирҳои бегона устувор мемонад. Аз ин рӯ, рушди маориф, илм, фарҳанг ва худшиносии миллӣ дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абзорҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ мебошанд.

Дар низоми давлатдории муосири Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ба як меъёри ахлоқии муносибати шаҳрванд бо ҷомеа табдил ёфтааст. Шаҳрванд соҳиби масъулият, муҳофизи субот ва иштирокчии фаъоли рушди миллӣ мебошад. Ин андеша ба ташаккули фарҳанги нави шаҳрвандӣ мусоидат мекунад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифа, озодӣ ва масъулият, манфиати шахсӣ ва манфиати умумимиллӣ бо ҳам пайваст мешаванд.

Ваҳдати миллӣ ифодаи болоравии виҷдони ҷамъиятӣ мебошад. Вақте ҷомеа ба сулҳ ҳамчун арзиши муқаддас менигарад, вақте шаҳрвандон фаҳманд, ки субот натиҷаи заҳмат, гузашт ва масъулияти таърихист, он гоҳ ваҳдат ба як неруи ботинии ҷомеа табдил меёбад. Дар чунин ҳолат, ваҳдат дигар танҳо бо қонун ҳифз намешавад, балки дар шуур, рафтор ва фарҳанги шаҳрвандон ҷой мегирад.

Маҳз ҳамин хусусият сиёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи идоракунии маъмурӣ ба сатҳи роҳбарии маънавӣ мебардорад. Роҳбарии маънавӣ он аст, ки шахсият на танҳо қарор қабул мекунад, балки ҷомеаро ба сӯи арзишҳои баланд роҳнамоӣ менамояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои душвори таърихӣ тавонистанд мардумро ба сулҳ, ҳамдигарбахшӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, созандагӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва миллӣ даъват намоянд. Ин даъват тадриҷан ба фарҳанги сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфт.

Ваҳдати миллӣ ҳамчунин заминаи асосии рушди устувори давлатдорӣ мебошад. Ҳеҷ як барномаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё фарҳангӣ дар шароити нооромӣ самараи воқеӣ дода наметавонад. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва эътимод имкони татбиқи стратегияҳои дарозмуддати рушд, ҷалби сармоя, сохтмони инфрасохтор, рушди маориф, тандурустӣ ва фарҳанг фароҳам мегардад. Аз ин рӯ, сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон шарти асосӣ ва амалии пешрафти миллӣ мебошад.

Дар ин раванд нақши ҷавонон махсусан муҳим аст. Насли ҷавон бояд ваҳдати миллиро ҳамчун натиҷаи мубориза, хирад, ҷоннисорӣ ва масъулияти бузурги таърихӣ бишиносанд. Агар ҷавонон бидонанд, ки сулҳи имрӯз аз миёни чӣ гуна ранҷу фоҷеа ба даст омадааст, онҳо ба қадри субот, давлат ва истиқлол бештар мерасанд. Аз ҳамин ҷиҳат, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносоии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи доимии ҷомеа мебошад.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи созанда ва ояндаи давлат медонанд. Ин мавқеъ аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама ба оянда нигаронида шудааст. Ваҳдат бояд дар тафаккури насли нав, дар фарҳанги муоширати онҳо, дар эҳтиром ба забон, таърих, муқаддасоти миллӣ ва дар масъулияти онҳо нисбат ба давлат идома ёбад. Танҳо дар ин маврид ваҳдати миллӣ аз як дастоварди таърихӣ ба як низоми устувори тамаддунии миллат табдил меёбад.

Ҷанбаи дигари муҳими сиёсати ваҳдатгароёна робитаи он бо адолати иҷтимоӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ вақте пойдор мемонад, ки ҷомеа эҳсоси баробарӣ, эҳтиром ва дастрасӣ ба имкониятҳои рушдро дошта бошад. Пешвои миллат дар сиёсаташон пайваста ба рушди минтақаҳо, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, дастгирии табақаҳои муҳтоҷ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ин равиш нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ танҳо бо сухан ҳифз намешавад, он бояд дар ҳаёти воқеии мардум, дар имкониятҳои иҷтимоӣ ва дар муносибати одилонаи давлат бо шаҳрвандон таҷассум ёбад.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба як модели ҳамгироии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ табдил ёфтааст. Ин модел бар се асос сулҳи сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва рушди иҷтимоӣ такя мекунад. Сулҳи сиёсӣ субот меофарад ва худшиносии миллӣ ҷомеаро аз лиҳози маънавӣ муттаҳид месозад. Рушди иҷтимоӣ бошад, ба ваҳдати миллӣ мазмуни амалии зиндагӣ мебахшад. Пешвои миллат тавонистанд ин се самтро дар як низоми ягонаи давлатдорӣ муттаҳид намоянд.

Бо назардошти ин ҳама, метавон гуфт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон асосгузори фалсафаи амалии сулҳу ваҳдати миллӣ шинохта мешавад. Сарвари давлат ваҳдатро аз сатҳи созиш ба сатҳи фарҳанг, аз сатҳи сиёсат ба сатҳи маънавият ва аз сатҳи таърих ба сатҳи ояндашиносии миллӣ бардоштанд. Ин аст, ки ваҳдати миллӣ имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун рукни давлатдорӣ, шарти рушди устувор ва арзиши муқаддаси ҷомеа пазируфта мешавад.

Ҳамин тариқ, идомаи роҳи давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон аз ҳифзи ин арзиши бузург вобаста мебошад. Ҳар қадар ҷомеа ваҳдатро ҳамчун арзиши зинда, на ҳамчун хотираи расмӣ, дарк намояд, ҳамон қадар пояҳои истиқлол, субот ва рушди мамлакат мустаҳкам мегарданд. Ваҳдат бояд дар фаъолияти ҳаррӯза, дар фарҳанги муошират, дар эҳтиром ба қонун, дар муҳаббат ба Ватан ва дар масъулияти шаҳрвандӣ таҷассум ёбад.

Ваҳдати миллӣ дар замони истиқлол ба яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Ин арзиш имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз сиёсат ва иқтисод то фарҳанг ва маориф, нақши муҳим мебозад. Маҳз ҳамин сиёсати пайгирона имкон дод, ки Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир суботи сиёсӣ ва рушди устувори худро ҳифз намояд.

Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз бузургтарин дастовардҳои Тоҷикистон эътироф мешавад. Ин дастовард, пеш аз ҳама бо номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Сарвари давлат ҳамчун поягузори ваҳдати миллӣ тавонистанд ҷомеаро аз парокандагӣ ба ҳамбастагӣ, аз низоъ ба сулҳ ва аз буҳрон ба рушди устувор раҳнамоӣ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун поягузори ваҳдати миллӣ мақоми хос доранд. Бо талошҳои пайгирона, сиёсати хирадмандона ва иродаи устувори Сарвари давлат сулҳ ва ризоияти миллӣ барқарор гардида, заминаи рушди давлат ва ҷомеа фароҳам оварда шуд. Аз ин рӯ, номи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ ва поягузори ваҳдати миллӣ дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

Нуриддин САИД,
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Далер КОМИЛОВ,
дотсенти Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 15, 2026 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Олуча меваи шифобахш ва ғизои витаминнок дониста мешавад
Нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсон чӣ таъсир дорад?
Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёбад
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сиёсати дурбинонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад