«ҶАШНИ МЕҲРГОН» ВА «САНЪАТИ СОХТУ НАВОХТАНИ РУБОБ». Тоҷикистон ин номинатсияҳои муштаракро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Асунсиони Ҷумҳурии Парагвай дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар он ҳамчунин намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.
Дар ифтитоҳи иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ва Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле суханронӣ намуданд.
Дар доираи иҷлосия Ҷумҳурии Тоҷикистон номинатсияҳои муштараки «Ҷашни Меҳргон» ва «Санъати сохту навохтани рубоб»-ро барои воридан кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод кард.
Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО 2 декабр оғоз шуда, то 7 декабр идома меёбад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






