Аз ҷангалзори Тоҷикистон зиёда аз 1182,4 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ шудааст

Декабрь 7, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол аз ҷангалзор 1182,499 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин агентӣ хабар доданд.

Тавре сардори Раёсати хоҷагии ҷангали агентӣ Бахтиёр Облоёрзода иброз дошт, ҷангал дар таъмини захира ва бехатарии ғизо таъсири калон мерасонад. Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва аҳолӣ аз ҷангалҳои мамлакат ҳар сол писта, хуч, ангат, чормағз, бодом, зира ва дигар маҳсулот ҷамъоварӣ менамоянд, ки аз он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал фоида мебинанд.

Дар айни замон аз тарафи муассисаҳои системаи Агентӣ ҷамъоварии маҳсулоти ҷангал идома дошта, ба ҳолати 2 декабри соли равон 78,719 тонна писта, 40,2 тонна чормағз, 572,75 тонна меваи тухмидор, 406 тонна меваи донакдор, 12,82 тонна бодоми талхдона, 70 тонна хуч ва 2 тонна зелол ҷамъоварӣ гардидааст.

«Маҳсулоти ҷангал аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштаъм ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад. Аз ин лиҳоз Агентии хоҷагии ҷангал усули нави идоракунии муштараки ҷангал ва аҳолиро кор карда баромад, ки тибқи он, дар идоракунии ҷангал аҳолӣ низ иштирок мекунад. Ба ин васила ҳам ҳифзу нигаҳдории ҷангалҳо пурзӯр ва ҳам ҳосили зарурӣ сари вақт ҷамъоварӣ карда мешавад», -гуфт Бахтиёр Облоёрзода.

Инчунин бо мақсади ба бозори дохилӣ мувофиқ кардани сифати маҳсулот аз тарафи олимони тоҷик корҳои селексионӣ ва ноҳиябандӣ кардани навъҳои нави писта, чормағз, хуч, бодом ва дигар намуди меваҳо гузаронида шуданд. Аз ҷумла, зиёда аз 8 намуди писта ва чормағз дар ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Хуросон, Ваҳдат, Варзоб ва як намуди камхори сервитамини хуч дар ҷумҳурӣ парвариш ва масоҳати кишти онҳо зиёд карда мешавад.

Аз ҷумла, бо мақсади зиёд намудани майдони ҷангал бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» амалӣ мегардад. Ҳамзамон мақсади ин барнома нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасонии экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад

Ҳамзамон аз тарафи ходимони илмии Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» корҳои таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши навъҳои хушсифати дарахтони писта ва чормағз анҷом дода шуданд, ки ба минбаъд зиёд намудани майдон ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо мусоидат менамоянд.

Имсол майдони 81520 гектар писта, майдони чормағз 9594 гектар, олуча 3750 гектар, хуч 1983 гектар ва бодом 18 000 гектар бунёд ва барқарор гардид. Барои таъмини сабзиши ниҳолҳо бо назардошти гармшавии саросарӣ ва тағйирёбии иқлим роҳҳо ва усулҳои нави шинонидани писта дар халтачаҳо ба роҳ монда шуд, ки ҳам сабзиши ниҳолҳоро таъмин ва ҳам харҷи тухми пистаро кам менамояд.

Бояд гуфт, ки писта, чормағз, бодом, хуч ва дигар маҳсулот аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштамъ ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошанд. Дар замонҳои қадим онҳоро ҷавонкунандаи организм меномиданд. Дар Амрико ин маҳсулотро ба гурӯҳи якуми хӯрокҳои дорои хосиятҳои антиоксидантӣ дохил намудаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид