Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) «Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул» (Asset based Finance – ABF) барои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода барои ҳамкории чандинсолаи пурсамар ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (Бонки ҷаҳонӣ/IFC), ки аз ҷумлаи шарикони боэътимоди рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, арзи сипос намуд. Мавсуф иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ рушди фарогирии молиявӣ, бахусус дар бахшҳои рақамикунонӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки 29 сентябри соли 2023 дар ҷараёни Форуми байналмилалии «Душанбе-инвест 2023» Бонки миллии Тоҷикистон бо IFC Харитаи роҳ оид ба амалисозии лоиҳаи IFC «Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул» барои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024-ро ба имзо расонид. Дар айни замон ин масъала мавриди корбарӣ қарор дорад.
«Татбиқи лоиҳаи «Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул» барои амалисозии мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии мабалағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул, фарогирӣ ва баланд бардоштани иқтидори онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад», — гуфт Фирдавс Толибзода.
Роҳбари намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон барои дастгирии доимӣ ва ҳамкории судманд дар рушди бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карда, барои боз ҳам тавсеа бахшидани ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти татбиқи босамари ин лоиҳа изҳори омодагӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ташаккули иқтисоди «сабз», платформаи маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул, платформаи феҳристи қарзӣ ва портали ягонаи ҳисоботи оморӣ, суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ҷалби маблағгузорӣ ба бахши хусусӣ ва дигар масъалаҳои низоми бонкӣ табодули назар намуданд.
Иброз гардид, ки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ минбаъд низ густариш меёбад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2465 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»






