БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст

Декабрь 2, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 02.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, тақвияти заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст.

Қабул гардидани барномаву стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027» ва «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии оила мебошад.

Воқеан ҳам давлат ва ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ғамхорӣ нисбат ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, дастгирии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, пиронсолӣ ва хизматрасониҳои зарурии тиббиро кафолат медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо дар мавриди пойдории оила таъкид медоранд, ки падару модарон бояд дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва рушди оила масъулиятнок бошанд. Доир ба ин масъалаи муҳими зиндагӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2022 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе чунин иброз доштанд: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».

Дар ин замина яке аз мақсадҳои асосии «Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон» низ баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад.

Дар доираи ин барнома бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, мониторинг ва арзёбии амалисозии барномаҳои соҳаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар айни замон дар мамлакат мониторинги барномаҳои давлатии соҳаи кор бо занон ва оила идома дорад. Ин мониторинг дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва минтақаҳои шимолу шарқи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин соли равон дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ ва маърифатӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ», «Фарзанд-боғи падару модар», «Хушдомани беҳтарин», «Ҳамсари беҳтарин» ва «Беҳтарин ҳунарманд» доир шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» соли 2024 бо иштироки 13 оилаи намунавии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади мустаҳкамии оилаҳо, тарбияи фарзандони соҳибхираду соҳибмаърифат ва ба ин васила коҳиш додани раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» тибқи талаботи нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ чун омили таҳкиму пойдории оила, саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан гузаронида шуд. Дар озмун хушдоманҳои беҳтарин, ки барои ҷомеа намунаи ибрат мебошанд, ғолиб дониста шуданд.

Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имконияти равонию ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории ин озмунҳо аз баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн иборат мебошад.

Бо мақсади танзими муносибатҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои модару кӯдак ва дигар масъалаҳои вобаста ба оила то ин муддат дар мамлакат беш аз 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Чӣ гуна бояд аз он истифода барем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард дар зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад
Соли 2025 дар низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд
Чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас маззаи хӯроки маъмулиро надорад?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
ҚИМАТТАРИН ГАНҶИНАИ САРЗАМИНИ ПУРГАНҶ
Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии насли наврас мақоми хосса дорад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Бори аввал дар самти бемории рагҳои мағзи сар ҷарроҳӣ ба тариқи эндоскопӣ гузаронида шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд?