Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
РАШТ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Мусофирони Ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Бино аз 4 синфхона ва як ҳуҷраи корӣ иборат буда, бо дастгирии ташкилоти «Хайриявии Тоҷикистон» бунёд гардидааст. Синфхонаҳои бино бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Бо сохтани ин бинои иловагӣ мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассиса бартараф гардид.
Дар ҷамъомад бахшида ба ифтитоҳи бино ба 50 хонанда ва омӯзгори муассиса либосҳои зимистона туҳфа карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 37 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. То ин давра 28 бинои дуошёнаи асосӣ ва иловагии муассисаҳои таълимӣ барои 3000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Ба ин восита мушкилии норасоии ҷойи нишасти хонандагон дар ноҳия бартараф мегардад.
Бино бо риояи қоидаҳои меъморӣ сохта шудааст. Дар он кабинетҳои фаннӣ мавҷуд буда, синфхонаҳо бо мизу курсии нав ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






