Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Декабрь 23, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 23.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим»  конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Меҳмонон пеш аз оғози конференсия дар даромадгоҳи бинои маъмурӣ бо намоиши асарҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои ҳайати устодону омӯзгорон ва донишҷӯён шинос шуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Дилшод Раҳмон баргузории ин ҳамоиши сатҳи баландро барои рушди таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷрибаи муҳаққиқон ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист ҳамоҳангӣ дорад. Аз ҷумла, ташаббуси созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо дода, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, заминаи мустаҳками илмӣ ва амалии ҳалли мушкилоти экологиро фароҳам меорад.

Ин иқдом бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи обӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, бахусус масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо саҳми назаррас мегузорад.

Дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуъҳои «Таъсири тағйирёбии иқлим ба гуногунии биологӣ дар экосистемаҳои Тоҷикистон», «Боғи ботаникии Помир ба номи А.В. Гурский — маркази ҳифзи растаниҳои гуногун», «Таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити атроф», «Таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим» ва ғайра маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами замони муосир мебошад. Таҳқиқи таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим барои таҳияи стратегияҳои самараноки мубориза бо ин мушкилӣ аҳамияти калон дорад. Ин мавзуъ на танҳо ба муҳити зист, балки ба иқтисод, саломатии инсон ва таъмини амнияти озуқаворӣ низ бевосита алоқаманд аст.

Чунин конференсияҳо метавонанд дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти татбиқи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои марбут ба экология таъсир расонанд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Декабрь 23, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад