Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни брифинг авлавияти асосии раёсати дарпешистодаи мамлакат дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳо ва рушди институтсионалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муаррифӣ шуд.
Роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳамчунин бо муқаррароти асосии консепсияи раёсати Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ шудаанд, шинос гардиданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд






