Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ҷаласаи муштарак баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки 5 декабри соли равон байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» оид ба ҳамкории мутақобил Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Дар доираи ин ҳуҷҷат ҳамкории муштарак дар соҳаҳои табодули иттилоот, мубодилаи таҷриба, фаъолияти таълимию таҳқиқотӣ, ташкили барномаҳои таълимӣ барои соҳибкорони навтаъсис, навоварону ихтироъкорон, инчунин баргузор намудани чорабиниҳо ва озмунҳои муштарак ба нақша гирифта шудааст.
Зимни ҷаласа рӯнамо оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» пешниҳод гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






