Дар минтақаи Дараи сабзи ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд

Декабрь 17, 2024 14:51

ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар минтақаи Дараи сабзи ноҳияи Шаҳристон, ки ниҳолхонаи ин мавзеъ ба бахши ҳифзи муҳити зист вобаста аст, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ниҳолхона ба миқдори муайян арчаи ҳамешасабз ва санавбари қримӣ (крымская сосна)  парвариш карда мешавад. Дар шоҳроҳи  Душанбе – Чанок 610 бех арчаи ҳамешасабз ва дарахти  санавбар шинонида шуд.

Иқдоми ниҳолшинонӣ аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати экологӣ, таъмини рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ сарчашма мегирад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 17, 2024 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд