Дар Шаҳринав баҳри таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон корҳои тозакунии роҳ аз барф идома доранд
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми корхонаю муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав вобаста ба номусоидии боду ҳаво ва боридани барф Ситоди корӣ оид ба бартарафкунӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дорад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад, 15 декабр баъди боридани барф тамоми кӯчаю роҳравҳои мошингард, дарахтону гулбуттаҳои ҳамешасабз ба тариқи ҳашар ва тавассути техникаҳои Муассисаи нигаҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия тоза карда шуданд. Ҳамзамон ба роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ташрифотию маҳаллӣ омехтаи регу қум пошида шуд.
Дар ҳудуди ноҳия вобаста ба зимистонгузаронӣ тамоми имконоту захираҳои кофӣ мавҷуд мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






