Дар Женева омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ гардид

Декабрь 13, 2024 08:36

ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева  Шараф Шерализода бо муовини Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метереологӣ (UN WMO) Ко Баррет баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, татбиқи ташаббуси байналмилалии мамлакат — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025» ва омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин ҷалби маблағҳо ба Фонди боварӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Декабрь 13, 2024 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд