Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2024-ро дар зинаи 104-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабандии ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар соли 2024 нашр кард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1203,08 имтиёз дар зинаи 104-ум қарор дорад. Дар байни намояндагони КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 17-ум ҷой гирифтааст. Як сол пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 106-уми раддабандии ФИФА ва байни дастаҳои мунтахаби Осиё дар ҷойи 19-ум мавқеъ дошт.
Бояд гуфт, ки дар як соли охир дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 бозии расмӣ анҷом дода, 6 маротиба пирӯзӣ ба даст овард. Бар дастаҳои мунтахаби Лубнон бо ҳисоби 2:1, АМА – 1:1, аз рӯйи пеналти – 5:3, Покистон – 3:0, Филиппин – 0:0, аз рӯйи пеналти – 4:3, Непал – 4:0 ва Афғонистон – 3:1 ғолиб омада, дар ду бозӣ бо дастаҳои мунтахаби Чин бо ҳисоби 0:0 ва Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ намуд. Инчунин дар ҳафт рақобат аз дастаҳои мунтахаби Қатар бо ҳисоби 0:1, Урдун бо ҳисоби 0:1, Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1, Урдун бо ҳисоби 0:3, Лубнон бо ҳисоби 0:1, Сурия бо ҳисоби 0:1, Филиппин бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Илова бар ин, соли 2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Абузабӣ бо дастаи мунтахаби Ҳонгконг як бозии санҷишӣ анҷом дода, дар он бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии расмиро 25 март дар шаҳри Душанбе анҷом медиҳад. Ин рақобат дар доираи даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» ба муқобили дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






