Доир ба мақоми Мавлонои Балхӣ дар фарҳангу адаби миллию умумибашарӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
БОХТАР, 14.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Мақоми Мавлонои Балхӣ дар фарҳангу адаби миллию умумибашарӣ» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Дар конференсияи байналмилалӣ олимону муҳаққиқон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва мавлоношиносони хориҷӣ аз Туркия, Эрон ва Британияи Кабир ба таври маҷозӣ маъруза намуданд.
Иброз гардид, ки бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз абармардони фарҳанги бостони мо ва ҳамтабори сазовори нобиғагони шеъри баланди тоҷик буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва Иқболи Лоҳурӣ шуҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.
Зимни конференсия аз ҷониби мавлоношиносони мамлакат маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






