Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд

Декабрь 12, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар Душанбе озмуни «Парандаи сол-2025» доир гардид, ки зимни он дуғдоғ парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд. Дуғдоғ дар рӯйхати парандагони нодир қарор дошта, ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Имсол ба озмун даҳ паранда,  аз ҷумла бедона, дурроҷи сиёҳ, дуғдоғ, чил, зоғобӣ, доснӯл, иқгуи даштӣ, каргаси ҳимолоӣ, чархресак ва булбули гардансафед пешниҳод гардиданд. Аз байни даҳ номгӯй паранда бо 11 овоз дуғдоғ парандаи соли 2025 интихоб шуд.

Зимни натиҷагирии озмун иброз гардид, ки муҳокимаи номзадҳо барои парандаи сол ва баргузории чунин озмуну маҳфилҳои  дӯстони  парандагон нишони он аст, ки дар ҷумҳурии мо шумораи дӯстдорони мурғони нодир  сол ба сол афзуда, табиати мо дорои нодиртарин парандагони хушхону зебо мебошад.

Дар рафти муҳокима бедонаву дурроҷи сиёҳ, чил ва якчанд парандаи дигар пешниҳод шуда, дуғдоғ соҳиби ҷои якум шуд.

Дуғдоғ  парандаи хеле беозору зебо буда, дар ҳолати нестшавӣ қарор дорад. Ин паранда дар саҳроҳои Ашту «Бешаи палангон», Зарафшон, поёноби дарёи Кофарниҳон ва Вахшу Панҷ паҳн шудааст. Ҷои зисташ даштҳои санглоху нимбиёбон буда, 2-3 тухм мегузорад ва давоми  21-22 рӯз чӯҷа мебарорад.

Бояд гуфт, ки аз соли 2008 инҷониб дар Тоҷикистон озмуни «Парандаи сол» баргузор мешавад. Масъули он Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон буда, яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд.

Интихоби парандаи сол ба фароҳам овардани заминаи муносиб барои афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат менамояд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 400 намуди парандагонро вохӯрдан мумкин аст, ки беш аз 180 намуди он парандагони муқимӣ ва зиёда аз 200 намуд парандаҳои кӯчанда ё мусофир мебошанд. 43 намуди паранда, аз қабили лаклаки сафед, шоҳин, лочин, бургут, мурғи тазарв, мурғи ҳумо, дуғдоғ ва ғайра дар Тоҷикистон ҳамчун парандагони нодир ва зери тахдиди маҳвшавӣ қарордошта ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил шудаанд.

Дар шароити табиии Тоҷикистон макони асосии сукунати парандагон асосан минтақаҳои кӯҳӣ, даштҳо, ҷангалзор, биёбонҳо, марғзор, кӯлу дарёҳо, обанбор ва маҳалҳои аҳолинишин мебошанд.

Соли 2023  дар озмун фохтак парандаи соли 2024 интихоб шуда буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 12, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид