Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» саҳм мегузорад
ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр маросими баимзорасонии созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар ҳаҷми 16,7 млн. доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия хабар доданд.
Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон Ал-Баҳар ба имзо расониданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маблағгузорӣ, ки аз ҷониби Фонд пешниҳод мегардад 100 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он дар 6 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ба маблағи 16,7 млн. доллари амрикоӣ ҷудо мегардад.
Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба рушди соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт






